418,5 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шаш моҳи аввали соли равон ба масоҳати умумии 418,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давра фондҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 99,9 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 1 миллиарду 762,9 миллион сомониро ташкил доданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Нуралӣ Ғиёс хабар дод.
Ба гуфтаи Саидзода Нуралӣ Ғиёс моҳҳои январ-июни соли 2015 сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 4 миллиарду 38,1 миллион сомонӣ истифода шудааст.
“Дар ин давра барои 2 ҳазору 288 талаба мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ бо 235 ҷой ва дармонгоҳ барои қабули 96 бемор дар як баст ба истифода дода шуданд”,- илова намуд мавсуф.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






