470,3 млн. кВт. соат неруи барқ зиёдтар истеҳсол гардид
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Тибқи маълумоти фаврии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 8 млрд. 658 млн. кВт. соатро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 470,3 млн. кВт. соат ё 5,7 фоиз зиёд мебошад,-гуфт Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 22 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Аз ҷумла, дар ширкати «Барқи тоҷик» 7млрд. 210 млн. кВТ. соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 406,5 млн. кВт соат ё 6 фоиз зиёд мебошад; дар ҶСК НБО «Сангтӯда-1»- 993,2 млн. кВт. соат, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 млн. кВт. соат ё 1,4 фоиз кам мебошад; дар ҶСК НБО «Сангтӯда-2»- 360,4 млн.кВт. соат, ки нисбат хамин давраи соли гузашта 78,7 млн. кВт. соат ё 27,9 фоиз зиёд мебошад; дар ҶСК «Помирэнерҷӣ»- 93,7млн, кВт. соат, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7млн. кВт. соат ё 0,7 фоиз кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии содироти неруи барқ 546,4 млн. кВт. соатро ташкил дод, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 504 млн. кВт. соат ва ба Ҷумҳурии Қирғизистон 40,3 млн. кВт. соат содирот шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






