87 мошин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тақдим гардид
Душанбе, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар қисми ҳарбии 2611-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ маросими ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қӯшунҳои сарҳадии кишвар супоридани кумакҳои техникӣ, аз қабили воситаҳои нақлиёти тамғаи «Тайота-Хайлюкс» ва микроавтобусҳои «Тайота-Хайс» аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Умаров, сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт иштирок доштанд.
Зикр шуд, ки ин воситаҳои нақлиёт барои мустаҳкам намудани имкониятҳои техникии қӯшунҳои сарҳадӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мусоидат менамоянд.
Сюзан Эллиотт зикр кард, ки Дафтари ҳамкориҳои ИМА ҳамчун кумаки техникӣ 87 мошинро ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намудааст.
Зикр гардид, ки ИМА барои ҳамшарикони худ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишҳо мусоидат намуда, уҳдадор аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кумак расонад.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, котиби матбуотии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






