Афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сабаби афзоиши фишорҳои қурбии беруниро дар ҷумҳурӣ аз нимсолаи дуюми соли 2014 то инҷониб,- гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон,-бояд пеш аз ҳама ба омилҳои берунӣ-иқтисодӣ, бахусус вазъи шадиди геосиёсӣ дар Русия ва ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо вобаста кард.
«Ҳолати мазкур дар навбати худ боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва лаппишҳои қурбӣ дар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф гардидааст»,- афзуд раиси Бонки миллӣ.
Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тамоюли пастравии бемайлони қурби сомонӣ дар ҷумҳурӣ ҷой дошт ва қурби расмии он нисбат ба доллари ИМА аз 5,3074 сомонӣ то 6,2602 сомонӣ (18,0 фоиз) поён рафт.
Қурби бозории хариду фурӯши асъори хориҷии нақдӣ барои 1 доллари ИМА аз 5,4600 сомонӣ то 6,5300 сомонӣ ё худ 19,6 фоиз тағйир ёфт. Дар баробари ин, дар ин давра қурби расмии сомонӣ нисбат ба евро 8,8 фоиз ва рубли русӣ 31,8 фоиз коҳиш ёфт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






