Афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ

Июль 22, 2015 03:33

Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Сабаби афзоиши фишорҳои қурбии беруниро дар ҷумҳурӣ аз нимсолаи дуюми соли 2014 то инҷониб,- гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон,-бояд пеш аз ҳама ба омилҳои берунӣ-иқтисодӣ, бахусус вазъи шадиди геосиёсӣ дар Русия ва ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо вобаста кард.
 «Ҳолати мазкур дар навбати худ боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва лаппишҳои қурбӣ дар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф гардидааст»,- афзуд раиси Бонки миллӣ.
Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тамоюли пастравии бемайлони қурби сомонӣ дар ҷумҳурӣ ҷой дошт ва қурби расмии он нисбат ба доллари ИМА аз 5,3074 сомонӣ то 6,2602 сомонӣ (18,0 фоиз) поён рафт. 
Қурби бозории хариду фурӯши асъори хориҷии нақдӣ барои 1 доллари ИМА аз 5,4600 сомонӣ то 6,5300 сомонӣ ё худ 19,6 фоиз тағйир ёфт. Дар баробари ин, дар ин давра қурби расмии сомонӣ нисбат ба евро 8,8 фоиз ва рубли русӣ 31,8 фоиз коҳиш ёфт.

 

Июль 22, 2015 03:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид