Ғалабаи «Барселона» бар «Лос Анҷелес Гэлакси»

Июль 24, 2015 12:57

Душанбе,  24.07.2015 (АМИТ «Ховар». Меҳрони  Қурбон).-Дар мусобиқаи пеш аз мавсимии Ҷоми байналмилалии чемпионҳо, ки дар ИМА ҷараён дорад, дастаи «Барселона»-и Испания дар варзишгоҳи Роуз Боул бо тими «Лос Анҷелес Гэлакси»-и Амрико рақобат намуд. Бояд  зикр  кард, ки  вохӯрӣ бо бартарии футболбозони дастаи «Барселона» бо ҳисоби 2 бар 1 ба анҷом расид. Ёдовар  мешавем, ки  ҳамлагар Луис Суарес аввалин шуда, голи дастаи «Барселона»-ро   ба  ҳадаф  расонд.  Серхио Роберто дар дақиқаи 56-уми вохӯрӣ муаллифи голи дуюм гардид. Хотиррасон менамоем, ки  тӯби ягонаи  дастаи «Гэлакси»-ро Томми Майер дар дақиқаҳои иловагӣ вориди дарвозаи «Барселона» кард.

Июль 24, 2015 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш