Ғалабаи “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бар “Парвоз”-у “Канд”
Душанбе, 27.02.2015.(АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-25 июл чор бозии аввали Ҷоми Тоҷикистон бо дақиқаи хомӯшӣ ба ёди котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев, ки бар асари бемории вазнини тӯлонӣ дар синни 36 вафот кард, шурӯъ шуданд. Барандаи феълии Ҷоми миллӣ- дастаи “Истиқлол”-и пойтахт дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 шикаст дод. Ин ғалаба собит сохт, ки соҳиби Ҷоми мамлакат барои ҳифзи унвони чемпионии худ қадамҳои устувор мегузорад.
Бояд зикр кард, ки шогирдони Мубин Эргашев аз дақиқаҳои аввал бозиро таҳти назорати худ гирифта, ба дарвозаи меҳмонони ҳавонавард 5 голи беҷавоб заданд. Ёдовар мешавем, ки ду голи дастаи пойтахтро ниммуҳофизи тими мунтахаби миллии Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев ва як голиро Парвизҷон Умарбоев, Аҳтам Назаров ва Манучеҳр Ҷалилов ба самар расониданд.
Баъди ин ғалаба бо чунин ҳисоб дар бозии якум барои ба даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромадани дастаи “Истиқлол” дигар шубҳае намемонад. Аммо дар футбол ҳама чӣ шуданаш мумкин аст ва футболбозони дастаи пойтахтро зарур аст бартарии худро дар бозии ҷавобӣ, ки рӯзи 5 август дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мешавад, нишон диҳанд.
Дар бозии дигар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд низ дар ин марҳилаи мусобиқа ба муваффақият ноил шуд. Дастаи соҳили Сирдарё дар майдони худ бар дастаи “Канд”-и Конибодом, ки дар Ҷоми Тоҷикистон лигаи якуми мамлакатро намояндагӣ мекунад, бо ҳисоби калони нӯҳ бар як пирӯз шуд.Хотиррасон менамоем, ки се бозингари хуҷандӣ — Дилшод Каримов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Ҷаҳонгир Эргашев ду голӣ ва се нафари дигар — Комрони Мирзохон, Икром Каримҷонов ва Дилшод Бозоров як голӣ ба дарвозаи дастаи шаҳри Конибодом заданд. Голи пурнуфузи меҳмононро Азиз Баҳронов ба самар расонд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигар байни дастаҳои “Панҷшер”-и Румӣ ва КМВА “Помир”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷ. Румӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ- 2 бар 2 ба анҷом расид. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар сафар дастаи “Саройкамар” -ро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






