Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои ҶТ дар назди СУС
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — 9-уми июли соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ доир ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев сурат гирифт.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва масъулини ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими кишвар иштирок намуданд.
Дар ҷаласа иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС» дар нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва гузориш оид ба корҳои дар ин самт ба сомонрасонида, инчунин нақшаи пешбинишудаи ташкилоти байналмилалӣ шунида шуд.
Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз гурўҳи кории мазкур ду ҷаласаи кории худро, рӯзҳои 15 апрел ва 12 июни соли равон бо иштироки васеи аъзои Гурӯҳ ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил шуд.
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ барои баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кӯшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






