Ҳалокати се нафар бар асари садама
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи садамаҳое, ки рӯзи 8 июл рух доданд, се нафар ба ҳалокат расид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД хабар доданд, ронандаи мошини “Nexia”, сокини 24-солаи ноҳияи Ҷиликӯл ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Ҷиликӯл дар ҳудуди деҳаи К.Маркси ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, сокини 31-солаи ҳамин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа, велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ронандаи мошини “Opel-astra”, сокини 34-солаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи Фархор ба ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ҳамин ноҳия, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, писарчаи 10-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.
Ронандаи мошини “Opel-astra”, сокини 34-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Ғафуров-Булок-Понғоз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






