Амалҳои номатлуби соҳибкорон ошкор шуданд
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мусаллам аст, ки дар моҳи шарифи Рамазон талабот ба хурмо ва ҳалво зиёд мегардад. Бархе аз соҳибкорон бо шарикони худ аз ин вазъият истифода намуда, дидаву дониста барои ба даст овардани даромади бештар талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро вайрон намуда, маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва ба саломатии инсон хатарнокро ба фурӯш мебароранд. Ин амали чунин ашхос ба ягон меъёри инсонӣ, на аз рӯи талаботи қонун ва на аз рӯи фармудаҳои дини мубини Ислом мувофиқат намекунад.
Дар санҷиши муштараки мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар анбори ҶДММ «Абар Тиҷорат Каспиян» ба миқдори 69 т 931 кг хурмои муҳлати истеъмолиаш гузашта ошкор гардид ва он баъди натиҷаи ташхис тибқи муқаррарот дар партовгоҳ нобуд карда шуд.
Ҳамчунин дар раванди ин санҷишҳо 4500 кг гӯшти мурғи истеҳсоли Бразилия, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Асроров ворид шуда буд, бо сабаби гузаштани муҳлати истеъмолӣ аз муомилот гирифта шуда, ба боғи ҳайвонот ва қисми дигар ба партовгоҳ равона шуд.
Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар натиҷаи гузаронидани санҷиши навбатии мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд амали номатлуби чанде аз соҳибкорон ошкор шуд.
Натиҷаи санҷиши давлатӣ оид ба риояи хизматрасонии савдои чакана ва бехатарии маҳсулот нишон дод, ки дар анборхонаи ҶДММ «Абар-тиҷорат каспиян», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд низ ба миқдори хеле калон, аниқтараш наздики 8000 кллограм маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта нигоҳдорӣ ва фурӯхта мешавад.
Аз ҷумла, маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта- рулети «Фафа» ба миқдори зиёда аз 1000 адад, ҳалвои «Симурғ» ва «Солеҳ» ба миқдори қариб 4000 қуттӣ, ҳалвои 400 грамма ба миқдори 4500 киллограмм, хурмо ба миқдори қариб 3000 киллограмм ва боз чандин намудҳои дигари шириниҳо буданд, ки ҳама истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эронанд.
Натиҷаи ташхис нишон дод, ки аксарияти маҳсулоти барои ташхис пешниҳодгардида аз рӯи нишондиҳандаҳо ба талаботи стандарт номутобиқ дониста шуд. Масалан хурмои истеҳсоли Эрон аз рӯи нишондодҳои гузаштани муҳлати истеъмол ва маззаву бӯйи туршӣ ва ҳалво аз рӯи номаълум будани санаи истеҳсол, мавҷуд будани бӯйи равғани талх ва ҷудошавии моеи равғанмонанд дар ҳалво ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуданд.
Маҳсулоти номбурдаи пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузаштаро роҳбари ҶДММ «Абар-тиҷорат Каспиян» Маҳмадалӣ Фарзорфар, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шарикони ӯ мехостанд дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз нав бандубаст намуда, ба фурӯш бароранд. Дар вақти санҷиш муайян шуд, ки тарзи нигоҳдории маҳсулот ва шароити беҳдоштии он ба талабот мутобиқ нест. Хурмои муҳлати истифодааш гузаштаи ба ҳам часпидаро соҳибкор бо иштироки якчанд нафар коргарон ба зарфҳои махсус рехта, бо об аз нав шуста, ба қуттиҳои нав ҷойгир намуда, барои фурӯш омода мекард. Ҳамчунин ҳалвои муҳлати истеъмолаш гузаштаро ба қуттиҳои дигар гирифта, аз нав тамғагузорӣ менамуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






