Амалиёти ҳарбии қӯшунҳои Ироқ барои озод кардани вилояти Анбар
Душанбе, 14.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Ба иттилои агентии Синхуа артиши Ироқ эълом доштааст, ки 13 июл қувваҳои амниятӣ ва ҷузъу томҳои ихтиёриён барои озод кардани бархе шаҳрҳои муҳими вилояти Анбар, аз ҷумла маркази маъмурии Рамади, ки онро созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» забт карда буд, ба амалиёти калонҳаҷми ҳарбӣ шурӯъ намуданд.
Артиши Ироқ дар нимаи якуми рӯзи 13 июл аз тариқи телевизиони давлатӣ хабар дод, ки амалиёти ҳарбӣ барои бозпас гирифтани вилояти Анбар соати 05:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ оғоз ёфта, қувваҳои бехатарӣ, ихтиёриёни мазҳаби шиа ва як қисми гурӯҳҳои мусаллаҳои вилояти Анбар дар самти муайяншуда пеш мераванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир қисми зиёди вилояти Анбарро «Давлати исломӣ» забт намуда, силоҳбадастон кӯшиш доранд, ки аз Анбар сӯи Бағдод ҳаракат кунанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






