Амалиёти нави ҳарбӣ дар 7 вилояти Афғонистон
Душанбе, 22.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Бино ба хабари расмии ВКД Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, шабонарӯзҳои гузашта бар асари амалиёти ҳарбӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар 20 нафар силоҳбадастон кушта ва 2 нафари онҳо ҳабс шуданд.
Дар хабари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта мешавад, ки амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди вилоятҳои Нангарҳор, Тахор, Қундуз, Форёб, Сари пул, Урузгон ва Лугар сурат гирифт.
Хидматчиёни пулиси миллии Афғонистон дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ миқдори муайяни лавозимоти ҷангиро мусодира намуданд.
Ҳамзамон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хабар дод, ки дар давраи зикршуда бар асари амалиёти ҳарбӣ як сарбози Афғонистон ҳалок гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






