Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи сармоягузорӣ
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумита дар шашмоҳаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2015доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазири молия Қурбониён Абдусалом, вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ ва роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳо ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим аз рўи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар шашмоҳи аввал ва вазифаҳои Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2015 маърўза кард.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи натиҷаҳои таҳлили кунунии фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ҷалб намуд. Фаъолияти натиҷаи кори беш аз 30 маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузии давлатӣ, иҷрои вазифаҳо аз ҷониби агентиҳои иҷроия мавриди баррасии васеъ қарор дода шуд.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ вобаста ба такмили фаъолияти Кумита ва сохторҳои он дар самти истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, ислоҳоти моликият, рушди соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ пешниҳодҳо намуда, баҳри рафъи камбудию норасоиҳо ба вазорату идоаҳо ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо супоришҳои судманд дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






