Ҳамлаи худкуш ба бозори серодами музофоти Форёб
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи рӯзи чоршанбе дар минтақаи Алмари ҳудуди шимолии музофоти Форёби Афғонистон худкуше дар издиҳоми одамон худро тарконд.
Таркиш тақрибан соати 11:45 бо вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваста, ҳадафи он эҳтимолан куштани кормандони ҳифзи ҳуқуқ буд. Дар баробари ин асосан сокинони осоишта қурбони ҳодиса гардиданд. Бино ба иттилои оҷонсии «Хома пресс», дар натиҷаи таркиш зиёда аз 10 нафар ҳалок гашта, 30 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад. То ҳол ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои оштинопазири мусаллаҳи мухолиф ҳамлаи худкушро ба зимма нагирифтааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






