АНМН: 167 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар»,Меҳрангез Қодирова ).- Субҳи имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки комиссияи махсус ва хузури намояндагони ВАО -и ватанию хориҷӣ маводи нашъаовар нобуд карда шуд.
Дар оташдони махсуси агентӣ 167 кг маводи нашъаовар, аз ҷумла 157 кг бангдона ва 7 кг 073 гр ҳашиш бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд. Сардори хадамоти матбуотии агентӣ Хушнуд Раҳматуллоев зикр намуд, ки дар ин нимсола маротибаи 4- ум аст, ки маводи нашъаовар сӯзонида мешавад. Аз аввали соли равон ба микдори 1000 кг маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.
Зикр гардид, ки аз соли таъсиси агентӣ то имрӯз зиёда аз 16 тонна маводи нашъаовар дар оташдони махсуси агентӣ нобуд карда шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






