АНМН: 167 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

Июль 9, 2015 06:58

 Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар»,Меҳрангез Қодирова ).-  Субҳи   имрӯз  дар  Агентии назорати маводи нашъаовари  назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  иштироки  комиссияи  махсус  ва  хузури намояндагони ВАО -и  ватанию  хориҷӣ  маводи нашъаовар нобуд карда шуд. 
Дар оташдони махсуси агентӣ 167 кг маводи нашъаовар, аз ҷумла 157 кг бангдона ва 7 кг 073 гр  ҳашиш  бо роҳи сӯзонидан  нобуд  карда  шуд.  Сардори  хадамоти  матбуотии  агентӣ Хушнуд Раҳматуллоев     зикр  намуд,  ки  дар  ин  нимсола маротибаи  4- ум  аст,  ки  маводи  нашъаовар  сӯзонида  мешавад.  Аз  аввали  соли равон  ба  микдори   1000 кг   маводи  нашъаовар  сӯзонида  шудааст.   
Зикр гардид, ки аз  соли  таъсиси  агентӣ  то  имрӯз   зиёда  аз    16  тонна  маводи  нашъаовар  дар  оташдони  махсуси  агентӣ  нобуд  карда  шудааст.

 

Июль 9, 2015 06:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад