Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими субот дар ҷомеа
Душанбе, 03.07.2015.(АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади ҳифзи арзишҳои ваҳдати миллӣ, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ миёни аҳолӣ, алалхусус миёни аъзои иттифоқҳои касаба, пешгирии воридшавии шаҳрвандон ба равияҳои тундгаро ва ифротӣ, мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, шарҳи амиқи ҳадафҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат, Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон амалӣ намудани корҳои зеринро ба нақша гирифтааст:
1. Тавсияи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат, тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи пояҳои конститутсионии давлат ва пешгирӣ кардани ҳар гуна таблиғоти ғайр таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ — мароми мост» ба инобат гирифта шавад.
2. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилоти ҳамузви он вазифадор шаванд, ки масъалаҳои мазкурро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ҳадафҳои асосии корҳои ташвиқотиро дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гиранд.
3. Фаъолияти иттифоқҳои касабаро, ки ҳамчун омили муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад, баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрўза, чун тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ифротгароӣ ва терроризм равона намуда, ҷиҳати барпо намудани ахлоқи ҳамида ва фазои солим дар коллективҳои меҳнатӣ мусоидат намоянд.
4. Бо мақсади фарогирии корҳои ташвиқотӣ ҷиҳати гирифтани пеши роҳи тундгароӣ, ифротгароӣ ва дигар равандҳои номатлуб дар байни коллективҳои меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шаванд.
5. Дар нақшаи чорабиниҳои мақомоту ташкилоти иттифоқҳои касаба, лагеру мавзеъҳои истироҳатии кўдакону наврасон, самтҳои асосии такмили масоили фаҳмондадиҳӣ мушаххасан ворид шуда, гузаронидани вохӯрихо дар мавзӯи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон ба нақша гирифта шавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






