Ҳавои ғуборолуд то фардо боқӣ мемонад

Июль 14, 2015 09:30

Душанбе, 14.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳавои ғуборолуд ва абрҳои даргузар, ки шурӯъ аз шаби гузашта аз қисмати ҷанубу шарқии кишвар аз биёбонҳои Туркманистон ба ҷумҳурӣ ворид гардидаанд, то фардо боқӣ мемонанд.
       Фардо,-мегӯяд Сайёра Навҷувонова, мутахассиси идораи обуҳавошиносии кишвар,- ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 20-26, рӯзона 38-43  дараҷа гарм, дар вилояти Суғд шабона 19 -24,  рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳои вилояти Суғд ҳарорати ҳаво  шабона  9-14,  рӯзона 28-33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво шабона  18-23 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 3-8. рӯзона 18-23 ва дар ғарби ҳамин вилоят шабона 13-18  ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Пагоҳ ҳарорати ҳавои пойтахти кишвар шабона 19-21 ва рӯзона 39-41 дараҷа гарм мешавад. Дирӯз, 13 июл ақрабаки ҳароратсанҷ ҳавои Душанберо дар марзи  аз 40 боло — 40 -42 дараҷа гармӣ нишон дод. Имрӯз ҳавои  Душанбе   37-39 дараҷа гарм мешавад. 
     

 

Июль 14, 2015 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст