Ҷавони 18- сола бо ҷурми дуздӣ дастгир шуд

Июль 1, 2015 12:11

Душанбе, 01.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №1-и  ноҳияи Рӯдакӣ ҷавони 18-солаи пойтахтро дастгир карданд, ки дар  рабудани мошини “Опел-Астра” гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Фархор ба ШВКД-1 муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум аз назди роҳи мошингарди бозори “Корвон”, мошини шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки арзишаш 24000-сомониро ташкил медиҳад, ғайриқонунӣ ронда бурдаанд. 
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 қ. 2 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир шуд. 
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

 

Июль 1, 2015 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш