«Ҷавонон зидди терроризм ва ифротгароӣ»-иқдоми ҷавонони суғдӣ
Хуҷанд, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- 12-уми август дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат тибқи дастури Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб тасмим гирифтааст, ки иқдоми «Ҷавонон зидди терроризм ва ифротгароӣ»-ро дар ҳамкорӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд роҳандозӣ намояд. Дар назар аст, ки дар шаҳри Истаравшан, Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд бо ширкати олимону донишмандон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қишрҳои дигари ҷомеа чорабиниҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ ва мизҳои мудаввар аз рӯи мавзӯи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» гузаронида шаванд. Ҳамчунин вобаста ба ин масъала намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки 10-уми августи соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бо ширкати ҷавонони фаъоли вилоят таҳти унвони «Терроризм ва ифротгароиро маҳкум мекунем» мизи мудаввар баргузор намояд. Мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои рӯзафзуни ифротгароӣ, муайян намудани сабаб ва омилҳое, ки неруи бархе аз ҷавононро ба ин гурӯҳҳои тундрав таҳрик медиҳанд ва инчунин дарёфти роҳҳои нави мубориза бар зидди ин падидаи хатарзо мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






