Ҷавонони ҳушманди тоҷик бар зидди ифротгароиянд!

Июль 14, 2015 08:24

Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Имрӯз, 14 — уми июн дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Мавқеи ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм, экстремизм ва маводи нашъадор» семинари илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ оғоз шуд. 
Семинарро раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед оғоз намуда, дар мавзӯи терроризм ва ифротгароӣ сухан гуфт. Баъдан Аламшозода  Абдураҳмон Аламшо — муовини аввали вазири корҳои дохилӣ дар мавзӯи «Чораҳои  пешгирӣ ва мубориза  бар зидди амалҳои террористӣ » ҳарф зад. Баъдан раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҷавононро даъват кард, ки бояд ҳама якҷоя садди роҳи ҷавонони гумроҳ шаванд, то онҳо фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагарданду барои Тоҷикистон хатар эҷод нанамоянд. Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо ба хотири боз ҳам  қавитар намудани дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо мебошад. Меҳроҷ Ғуломов, раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н Хусрав дар мавзӯи «Амалҳои ба ном Давлати исломиро маҳкум месозем » ва Марзия Гекпаева, мудири Шуъбаи  кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи маҳаллии ВМКБ дар мавзӯи  «Саҳми занон дар пешгирии гаравиши ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ», Зарифзода Маҳмадзоир Зариф, сардори ХПҲ НҶ ВКД  ҶТ дар мавзӯи «Таҳлилхои оморӣ ва сабабу омилҳое, ки ҷавононро ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгароӣ ҷалб мекунанд» андешаҳояшонро баён карданд. 
Ёдовар мешавем, ки  беш аз 150  ҷавон аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои иштирок дар семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ- ифротгароӣ » бо шиори «Мо Бадахшон меравем » дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд. 

 

 

Июль 14, 2015 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд