Аъзои ММ қонунҳои наву мукаммалро ҷонибдорӣ намуданд
Душанбе, 21.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳудуди беш аз 30 масъалаи фарогири ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар 21 июл дар иҷлосияи дуюми палатаи болоии Парлумони кишвар, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ баргузор гардид, аз сӯи аъзои палатаи болоии Парлумон матраҳ гардид.
Аъзои Маҷлиси миллӣ се қонуни конститутсионӣ- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин ду қонуни наву мукаммал « Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Бахтиёр Худоёрзода, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Фарҳод Раҳимӣ, Раҳмоналӣ Амирзода ва Маҳмадюсуф Имомов ҳадаф ва моҳияти асосии масъалаҳои баррасишударо тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки қонунҳои мазкур бо мақсади таҳкими волоияти қонун, таъмини амният ва суботи кишвар, адолати судӣ, баланд бардоштани масъулияти судяҳо, рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва такмили қонунгузории кишвар таҳия ва ҷонибдорӣ гардидаанд.
Дар иҷлосия ҳамзамон ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






