Ба зарардидагони Рашт беш аз 100 тонна семент ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар»). -Субҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт сафар кард. Хотиррасон бояд кард, ки 20 июли соли равон бар асари боришоти зиёд ва фаромадани сел дар деҳаҳои Ҳалқарф ва Бедаки ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматӣ, роҳ, хатҳои интиқоли барқ, иншооти обрасон ва дигар иншооти таъйиноти гуногун хароб гардида, як талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд.
Ҳодиса нимаи дуюми рўз ба вуқуъ пайваста, бар асари он тибқи маълумоти пешакӣ зиёда аз 50 манзили истиқоматӣ пурраю қисман, беш аз ду километр роҳҳои маҳалӣ, 6 км хатҳои интиқоли барқ, зиёда аз 5 км хатҳои обгузару иншооти обрасон ва дигар иншооти хоҷагии халқ хароб мегарданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо гурўҳи кории ҳукумати ҷумҳурӣ дар аввал ба хонаи нафари ҳалокшуда ташриф оварда, ба ин оила таъзия ва кумаки пулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расонид. Ҳамчунин дар ин рўз кумакҳои Сарвари давлат дар ҳаҷми беш аз 38 тонна маҳсулоти хўрокӣ, маводи аввалияи рўзгор, хайма ва сўзишворӣ ба зарардидагон дастрас шуд.
Бегоҳии имрўз бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба маҳалли офатзадаи ноҳияи Рашт беш аз сад тонна семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.
Ҳоло дар деҳаи Ҳалқарф барои зарардидагон бунёди шаҳраки хаймаҳо оғоз шуда, дар ҳамин деҳа аллакай барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ 8 гектар замин ҷудо гаштааст. Дар маҳали ҳодиса мутахассисони сохторҳои роҳу нақлиёт, энергетика, ҳолатҳои фавқулода ва тандурустӣ сафарбар гардида, ба мардуми эҳтиёҷманд хизмат мерасонанд.
Дар анҷоми боздид аз маҳалҳои офатзада ҷаласаи ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ доир гардид. Сарвазири мамлакат дар ситод роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияро барои сари вақт таъмин кардани аҳолии зарардида бо барқу об, хайма, маводи ғизоӣ ва дигар ашёи зарурии рўзгор вазифадор намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






