Бадахшон бо нерӯи барқ таъмин гардид

Июль 18, 2015 14:43

Душанбе, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат аз соати 19:00 бегоҳ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки тайи беш аз як рӯз бо сабаби баланд шудани оби дарёҳои минтақа нерӯгоҳҳои “Помир-1” ва “Хоруғ” муваққатан аз кор боз дошта шуда буданд, дубора нерӯи барқ таъмин гардид. Масъулини ҳукумати вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар баробари фаъол гардидани нерӯгоҳҳои барқии вилоят насосҳои обкашонӣ низ фаъол карда шуданд. Айни ҳол аҳолии вилоят бо нерӯи барқ ва оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин гардиданд. «Бо назардошти рафти корҳои бартқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ нерӯи барқ ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 14 соат ва ба ташкилоту муассисаҳои иҷтимоӣ ва идораҳои давлатӣ пурра дода мешавад», — таъкид дошт манбаъ.

Июль 18, 2015 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд