«Барқи Тоҷик»: қарзи осебдидагонро мебахшем!
Душанбе, 28.07.2015 (АМИТ «Ховар, Манижа Баҳромзода).- Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, қарзи хонаводаҳоеро, ки аз селфароиҳои охир дар кишвар зарар дидаанд, мебахшанд.
Ҷамшед Бобозода, муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» зарари обхезиҳои вақтҳои охирро ба деҳаҳои ВМКБ, ноҳияи Рашт ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд фоҷиаи гарон номида, аз ҷумла гуфт, ки барои таъмини ин оилаҳо бо барқ кумаки худро расониданд: «Нисбат ба ду деҳае, ки дар ноҳияи Рашт зери об монданду мо аз ин ҷо он масолеҳу таҷҳизоти лозимиро равон кардем, дар шабонарӯзи якум мо 40%-и аҳолиро бо барқ таъмин кардем ва дар рӯзи дуюм қариб 96%-и аҳолиро бо барқ таъмин кардем»,-иброз дошт муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик». Ба гуфтаи мавсуф бо супориши Президенти кишвар дар он заминҳое, ки дар ноҳияи Рашт барои осебдидагони офати табиӣ ҷудо шудаанд, аллакай ду трансформатор насб шуда, хати барқ расонида шуд ва дар сурати тасдиқи нақшаи маҳал хатҳои барқии 04-ро ба аҳолии зарардида бурда мерасонанд. «Он хонаҳое, ки зарар дидаанд, мумкин ки мо қарзҳои қаблиашонро мебахшем»,-илова намуд Ҷамшед Бобозода.
Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» дар мавриди мушкилоти таъмини барқ ба осебдидагони вилояти Бадахшон гуфтанд, ки феълан якҷоя бо ширкати “Помир Энержӣ” барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таъмини дастрасии осебдидаҳо ба неруи барқ кор бурда истодаанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






