Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама
Душанбе, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвар – 239-умин солгарди Рузи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро – қабул фармоед.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дўстӣ ва ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор монда, ба вазъи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷўҳи пайваста зоҳир менамояд.
Боиси хушнудист, ки раванди ҳамкории судманди байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрўз фарогири бисёр соҳаҳои сиёсӣ, амниятию низомӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ гардидаанд. Дар ин росто ҳамкории пурмаҳсули ҷонибҳоро дар масъалаҳои гуногуни таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои глобалӣ низ хуб арзёбӣ менамоем.
Мутмаинам, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии мо дар ояндаи наздик ҷанбаҳои нави ҳамкории мутақобилан судмандро фаро хоҳад гирифт. Ҷониби мо дар ин самт саъю кўшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Бо ибрози орзўҳои беҳтарин ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва пирўзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дўсти Амрико – пешрафту шукуфоӣ орзумандам».








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






