Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Дарвоз
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯзи 24 июл аз ҷониби Афғонистон сел фаромада, маҷрои дарёи Панҷро дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Ҷумҳурии Тоҷикистон баст. Дар натиҷа оби ин дарё аз сатҳи муқаррарииаш 5 метр боло рафтааст.
Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дирӯз сел аз ҷониби Афғонистон фаромада, сангҳои калон овард, ки дар натиҷа пеши дарёи Панҷ банд шуд.
Инчунин, бар асари офати табиӣ 200 метр роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз дар ҳудуди минтақаи Шурговад зери об мондааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед аз мавзеи офати табиӣ дидан карданд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар ҷои ҳодиса ҳузур дошта, баҳри рафъи оқибатҳои табиӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, ҳоло пеши роҳи оби ҷамъшуда каме кушода шуд, ки аллакай оби дарё 2 метр паст шуд. «Роҳҳои пурра бартараф намудани ин офати табиӣ, аз ҷумла таркондану яктарафа кардани сангҳои калон баррасӣ шуда, барои татбиқи он чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд», — илова намуд раиси ноҳия.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло роҳи алтернативии Душанбе-Хоруғ тариқи Рашт-Тавилдара ва ағбаи Хобуробод ба роҳ монда шуда, барқарорсозии роҳи асосӣ бо суръат идома дорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






