Беҳтарин нишонзанҳои қисми якуми чемпионати Тоҷикистон маълум шуданд
Душанбе, 02.07.2015, (АМИТ- «Ховар» Меҳрони Қурбон).- Қисми аввалини чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар маҷмӯъ дар ин қисми чемпионат 121 гол (ба ҳисоби миёна 2,7 гол дар як бозӣ) зада шуд. Ёдовар мешавем, ки беҳтарин нишонзани қисми якуми чемпионати Тоҷикистон ҳамлагари дастаи “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов шуд. Манучеҳр дар нӯҳ бозии нимаи аввали чемпионат ба дарвозаи ҳарифон 7 гол задааст. Бояд зикр кард, ки легионери эронии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Ҳусейни Сӯҳробӣ дар сабқати нишонзанҳои лига бо 6 гол дар ҷои дуюм меистад. Хотиррасон менамоем, ки зинаи сеюми ин сабқатро якбора ду нафар — капитани дастаи “Истиқлол” Дилшод Восиев ва ҳамлагари дастаи “Регар-ТадАЗ” Комил Саидов бо 5 голи
задаашон ишғол мекунанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






