Беҳтарин нишонзанҳои қисми якуми чемпионати Тоҷикистон маълум шуданд

Июль 2, 2015 06:00

Душанбе, 02.07.2015, (АМИТ- «Ховар» Меҳрони Қурбон).- Қисми аввалини чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар маҷмӯъ дар ин қисми чемпионат 121 гол (ба ҳисоби миёна 2,7 гол дар як бозӣ) зада шуд. Ёдовар  мешавем, ки беҳтарин нишонзани қисми якуми чемпионати Тоҷикистон ҳамлагари дастаи  “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов шуд. Манучеҳр дар нӯҳ бозии нимаи аввали чемпионат ба дарвозаи ҳарифон 7 гол задааст. Бояд  зикр кард, ки легионери эронии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Ҳусейни Сӯҳробӣ дар сабқати нишонзанҳои лига бо 6 гол дар ҷои дуюм меистад. Хотиррасон менамоем, ки  зинаи сеюми ин сабқатро якбора ду нафар — капитани дастаи “Истиқлол” Дилшод Восиев ва ҳамлагари  дастаи “Регар-ТадАЗ” Комил Саидов бо 5 голи 
задаашон ишғол мекунанд.

Июль 2, 2015 06:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид