БМТ: Гардиши савдои хориҷӣ 21,9 фоиз кам шуд
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июни соли равон 2,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,9 фоиз кам гардид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 13,4 фоиз ва бо кишварҳои хориҷи дур 28,6 фоиз коҳиш ёфт. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ироа намуд.
Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 434,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз кам гардид. Воридоти молҳо 1,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз коҳиш ёфтааст.
«Вобаста ба ин, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамъбаст гардида, ба 1,3 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,4 фоиз кам мебошад»,- гуфт раиси Бонки миллӣ.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






