Боздошти роҳбари аршади ДИИШ дар Истанбул

Июль 25, 2015 05:15

   Анқара, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳангоми амалиёти поксозии пулис дар шаҳри Истанбул як роҳбари аршади ДИИШ дастгир шуд. Ин хабар аз тариқи Оҷонсии Анадолуи Туркия пахш карда шуд.  

Халис Байанҷук, ки бо лақаби ҷиҳодии худ “Абу Ҳанзала” шинохта мешуд, бо ҳамсараш дар амалиёти зидди террори пулис  рӯзи 24 июл дар шаҳри Истанбул боздошт шуд.  Байанҷук ҳамроҳи ҳамсараш дар маҳаллаи зисти худ, дар ноҳияи Бағчилари шаҳри Истанбул дастгир  шуданд ва аз онҳо санадҳои рақамӣ ва дигар санадҳои марбут ба ДИИШ мусодира шуданд. 
 
Байанҷук муаллифи баъзе мақолаҳои ДИИШ буда, инчунин дар фаъолиятҳои истихдоми ҷанговарон барои ин созмони террористӣ даст доштааст.  

Июль 25, 2015 05:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст