Дар Душанбе корхонаи ҷамъоварӣ ва насби мошинҳои коммуналӣ бунёд мешавад
Душанбе, 09.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати «Газ»-и шаҳри Нижний Новгороди Русия дар Душанбе корхонаи муштараки ҷамъоварӣ ва насби мошинҳои коммуналиро дар оянда бунёд намояд. Дар ин бора ба хабарнигорон Исломзода Алимурод Тағоймурод -директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 9 июл зимни нишасти матуботӣ иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки алҳол доир ба ин масъала бо ҷониби Русия гуфтушунидҳо идома доранд. Алимурод Тағоймурод зикр кард, ки барои аз Русия интиқол додани як мошини партовкашонӣ тавассути вагон ба болои нархи он 5 ҳазор доллар зам мегардад, ки ин хеле гарон буда, корхона имкони харидории онро надорад. Дар сурати ташкили корхонаи муштараки ҷамъоварӣ ва насби мошинҳои коммуналӣ дар Душанбе нархи мошинҳои коммуналӣ коҳиш меёбад. Дар ин сурат агар дар ду вагон таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии 20 мошинро ба Тоҷикистон орем, дар ин маврид 90 ҳазор доллар сарфа мешавад.
Алимурод Тағоймурод афзуд, ки алҳол арзиши як мошини партовкашонии «Камаз», ки 5 кубометр ҳаҷм дорад, 100 ҳазор доллар аст ва нархи мошинҳои дигари партовкашонӣ аз ин ҳам баландтар мебошад. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби марказҳои лоиҳаҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 42 техникаи коммуналӣ дастрас намуда, ба шаҳру ноҳияҳои кишвар супоридааст. Алҳол КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дорои 888 техникаи комммуналӣ мебошад, ки аз он 552 адад фаъолият намуда, 337 адад дар муҳлати дуюму сеюм кор мекунад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






