Дар Сурия қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба бокси тайӣ, ки ба ДИ пайваста буд, кушта шуд

Июль 9, 2015 08:49

Душанбе, 09.07.15. (АМИТ «Ховар). — Қаҳрамони  дукаратаи  ҷаҳон  оид  ба  бокси тайӣ  Валдет Гаши (Valdet Gashi), ки  баҳори соли  равон  ба  сафҳои  гурӯҳи  террористии  «Давлати  исломӣ» (ДИ)  дохил  шуда буд, дар  Сурия кушта  шуд. Дар  ин  бора RUDAW хабар  медиҳад.
Аз  ҳалокати  варзишгар  аҳли оилааш   нақл  карданд. Ба  гуфтаи онҳо, Гаши рӯзи  шанбеи 4  июл дар  вазъияти  номаълум  парронда шуд. Мавсуф  дар  сафҳои  ДИ  вазифаи  посбони ҳудуди  назди  сарҳади  Сурияю  Туркияро  ба  ҷо  меовард. Исломгароён  Гаширо барои  худнамоии  худ  низ  истифода  менамуданд: вай  аксҳои дорои унсурҳои ифротгароиро, ки ин, мувофиқи  нақшаи роҳбарияти  ДИ  мебоист аъзои  навро ба сафҳои созмонашон ҷалб мекард,  дар  саҳифаи худ  дар Фейсбук ҷой  медод. 
Моҳи  июн худи  ҷанговар аз иштирокаш  дар гурӯҳи террористӣ  хабар  дод. Варзишгари  Олмон  мебоист  моҳҳои  апрел  ва  май дар  Таиланд машқ  мекард, вале  ба  ҷойи  ин  ба Сурия  рафта, ба ДИ пайваст.

Июль 9, 2015 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст