Дар вилояти Форёб 34 силоҳбадаст кушта шуд

Июль 14, 2015 04:15

Душанбе, 14.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар  ба  иттилои намояндагони Раёсати  амнияти  миллӣ,  дар қисматҳои мухталифи  вилояти  Форёби Афғонистон камаш  34  нафар  силоҳбадастон  кушта шуданд. 
Мухолифини  мусаллаҳ  дар  вулусволии  Ширин Тагоб аз  ҳама бештар талафот  додаанд. Дар  ин  ҷо 30  нафар шӯришгароне, ки баробари фаъолияти диверсионӣ  ба рэкет (пулситонӣ бо  усулҳои   зӯроварӣ) низ машғул  буданд,  кушта шуданд. Ду  нафар  қумондонҳои  толибон  маъруф  ба Абдулло ва  Раҳмат аз ҷумлаи   кушташудагонанд.
Ба  иттилои агентии «Хома Пресс»,  дар натиҷаи  ду  амалиёти  фарогир  дар  вулусволиҳои Давлатобод  ва Алмар  боз  4  нафар  силоҳбдастон  кушта шуданд, ки  ду  нафари онҳо  ташкилкунандагони  ҳамлаҳои  фидоиён буданд.
Ёдовар  мешавем, ки як  ҳафта  пеш якчанд вулусволиҳои  вилояти  Форёб, аз ҷумла вулусволиҳои  Қайсар,  Алмар  ва Паштункот мавриди ҳамлаи  шадиди  толибон  қарор  гирифта  буданд. Мақомоти  хифзи  ҳуқуқ,  сарфи  назар  аз  хафву  хатари  мавҷуда, амалиёти  ҳарбиро  дар ноҳияҳои  забтшуда ба  манзури таҳти назорати  худ қарор  додани  вазъият идома  медиҳанд.

 

Июль 14, 2015 04:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст