Дар вилояти Форёб 34 силоҳбадаст кушта шуд
Душанбе, 14.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба иттилои намояндагони Раёсати амнияти миллӣ, дар қисматҳои мухталифи вилояти Форёби Афғонистон камаш 34 нафар силоҳбадастон кушта шуданд.
Мухолифини мусаллаҳ дар вулусволии Ширин Тагоб аз ҳама бештар талафот додаанд. Дар ин ҷо 30 нафар шӯришгароне, ки баробари фаъолияти диверсионӣ ба рэкет (пулситонӣ бо усулҳои зӯроварӣ) низ машғул буданд, кушта шуданд. Ду нафар қумондонҳои толибон маъруф ба Абдулло ва Раҳмат аз ҷумлаи кушташудагонанд.
Ба иттилои агентии «Хома Пресс», дар натиҷаи ду амалиёти фарогир дар вулусволиҳои Давлатобод ва Алмар боз 4 нафар силоҳбдастон кушта шуданд, ки ду нафари онҳо ташкилкунандагони ҳамлаҳои фидоиён буданд.
Ёдовар мешавем, ки як ҳафта пеш якчанд вулусволиҳои вилояти Форёб, аз ҷумла вулусволиҳои Қайсар, Алмар ва Паштункот мавриди ҳамлаи шадиди толибон қарор гирифта буданд. Мақомоти хифзи ҳуқуқ, сарфи назар аз хафву хатари мавҷуда, амалиёти ҳарбиро дар ноҳияҳои забтшуда ба манзури таҳти назорати худ қарор додани вазъият идома медиҳанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






