Дарёфти беш аз 7 кг ҳероин аз дохили чархи эҳтиётӣ
Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд аз дохили чархи эҳтиётии мошини «Тойота-Прадо» 7 бастаи маводи хокистарранги бӯи махсус доштаро ошкор намуданд. Мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистӣ, маводи мусодирашуда ҳероин буда, вазни он 7 кг 116 граммро ташкил дод.
Бино ба иттилои агентӣ, тафтиши пешакӣ нишон дод, ки ронандаи мошин, сокини 53-солаи пойтахт мехост ҳероинро берун аз ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Ҳоло барои муайян ва дастгир намудани аъзои боқимондаи гурӯҳи ҷиноятпеша тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Инчунин кормандони агентӣ дар канори шаҳри Душанбе сокини 39-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии сумкаи варзишии дастгиршуда аз дохили он 15 баста бо маводи сабзранг ошкор гардид.
Мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии агентӣ муайян намуданд, ки маводи мусодирагардида ҳашиш буда, вазни он 18 кг 130 граммро ташкил дод.
Аз тарафи гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳамиштирокчиёни ҷиноят муайян шуда истодаанд.
Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 25 кг 246 гр. мебошад.
Аз рӯи ҳодисаҳои номбаршуда аз тарафи Шуъбаи тафтишоти агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






