Дарёфти беш аз 7 кг ҳероин аз дохили чархи эҳтиётӣ

Июль 24, 2015 04:24

Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд аз дохили чархи эҳтиётии  мошини «Тойота-Прадо» 7 бастаи маводи хокистарранги бӯи махсус доштаро ошкор намуданд.  Мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистӣ, маводи мусодирашуда ҳероин буда, вазни он 7 кг 116 граммро ташкил дод.
Бино ба иттилои агентӣ, тафтиши пешакӣ нишон дод, ки ронандаи мошин, сокини 53-солаи пойтахт мехост  ҳероинро берун аз ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Ҳоло барои муайян ва дастгир намудани аъзои боқимондаи гурӯҳи ҷиноятпеша тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Инчунин кормандони агентӣ дар канори шаҳри Душанбе сокини 39-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии сумкаи варзишии дастгиршуда аз дохили он 15 баста бо маводи сабзранг ошкор гардид.
Мутахассисони  Шуъбаи экспертизаи судии агентӣ муайян намуданд, ки маводи мусодирагардида ҳашиш буда, вазни он 18 кг 130 граммро ташкил дод.
Аз тарафи гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳамиштирокчиёни ҷиноят муайян шуда истодаанд.
Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 25 кг 246 гр. мебошад.
Аз рӯи ҳодисаҳои номбаршуда аз тарафи Шуъбаи тафтишоти агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

Июль 24, 2015 04:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар