Дастовардҳои мо аз Ваҳдати миллист
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷашни Ваҳдати миллӣ бунёдкориву созандагӣ, накукорӣ, сулҳу дӯстӣ ва ободкориҳоро дар худ таҷассум мекунад ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ низ ба он диқати ҷиддӣ доранд.
18-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукӯҳи хосса доир шуд.
Зикр шуд, ки маҳз дар натиҷаи ба даст овардани фазои сулҳу ором дар муддати кӯтоҳ сохтмони биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, ташкилу муҳайё намудани шароити таълимиву маишӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳракҳои ҳарбиву варзишӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳази дарсӣ дар як вақт бо сифати баланд ва бо роҳу усулҳои замонавӣ бунёд шуданд.
Ҳар сол ба муносибати таҷлили Ваҳдати миллӣ байни взводу ротаҳо, баталону бригадаҳои алоҳидаи Вазорати мудофиа ва қисму воҳидҳои низомии навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои мухталифи ҳарбиву варзишӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ мешаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






