ДИИШ барои ҷиноятҳояш ба Қуръон истинод мекунад

Июль 13, 2015 10:12

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Террористон мардуми ҷаҳонро ба мӯъминон ва кофирон тақсим намудаанд. Танҳо касе, ки дидгоҳҳои мазҳабии радикалии онҳоро бар хилофи Қуръони карим мепазирад, дар амон ҳастанд.  
Нигоҳе ба китоби муқаддаси мусулмонон нишон медиҳад, ки Давлати исломӣ ё ДИИШ ояҳоро аз кулли матн ҷудо намуда ва ба завқи худ сӯйистифода мекунад ва бақияи ояҳои Қуръонро, ки қатл, ғуломдорӣ ва шиканҷаро манъ намудаанд, нодида мегирад.
Ва аз ояи шоистае, ки нишондиҳандаи сифати раҳмон ва раҳим будани Худованд аст, чашмпӯшӣ мекунанд. Мардуми дунё ҳамарӯза ҷиноёт ва ваҳшати ифротиёни террористии ба ном исломиро бо номҳои гуногун — «Давлати исломӣ», «Боко ҳаром», «Толибон, «Аш-шабоб» ва ғайра мебинанд. Зинда ба зинда сӯзонидани пилоти урдунӣ дар қафас, сар буриданҳо, кушторҳо, оташ задан ва таҷовузу садҳо ҷиноёти рӯзмарраи дигар кори дасти онҳост, ки бисёре аз диншинос ва муҳаққиқин ин қатлҳояшонро ваҳшиёна дониста ва таҳаммул намекунанд. Ҳафтае нест, ки ҷиноёти бераҳмонаашонро дар расонаҳо набинем ва нашунавем. Матбуоти ҷаҳон пур аз аъмоли зишти ин номусулмонон аст.
Чӣ гуна бояд пеши роҳи хилофати ин террористҳоро гирифт ва онҳоро шикаст дод?
Размандагони ДИИШ иддао доранд, ки воқеияти исломро фақат онҳо медонанд. Аммо он чӣ эшон тафсиру таҳриф мекунанд, дуруст нест.
 Ҷангҷӯёни ДИИШ ба оёте аз куштори мушрикин истинод мекунанд.
Оқои Маҳмуд Абдулло аз Маркази илоҳиёти исломӣ дар Донишгоҳи Тюбенгени Олмон ба ин мавзӯъ равшанӣ меандозад, ки ин оёт амр ба ҷанг надорад, балки барои дифоъ аст. Аммо Давлати исломӣ ояро аз матни он ҷудо намуда, сӯйистифода мекунад. Гурӯҳҳои радикалӣ дар бештари мавридҳо худро нек ҷилва медиҳанд.
Дарвоқеъ, дар ҳамин Сура низ ба оёте ишора шуда, ки ниёз ба тавсифи вазъияти ҷангӣ ишора мекунад: «Агар касе аз мушрикон аз  шумо ҳифозат металабад, пас ӯро ҳифозат кунед».
Аммо бидуни таваҷҷуҳ ба матн ва умқи оёти Қуръонӣ идеологияи онҳо фақат шӯҳрати ҷангӣ ва таҳоҷумӣ аст. Илова бар ин нукоти сулҳомези оётро ҷудо намудаанд. Агар касе бихоҳад ва дар Қуръон мутолиа кунад, ояҳои зиёдест, ки бо аъмоли зишти ДИИШ муқобил аст.
Дар мусоҳибаи Маҳмуд Абдулло намунаҳое аз бархе оёт нишон дода шудааст: 
— Қатлу сар буридан.
Барои густариши зулму ситами худ Давлати исломӣ аз чизе наметарсад. Агар касе сари роҳашро бигирад, бераҳмона ӯро ба қатл мерасонад. Аммо Қуръон мегӯяд: «Агар касе шахсеро мекушад, (бидуни ин ки он шахс қатл ва ё дар замин кори шар(р) намуда бошад, гӯё ҳама мардумро куштааст.
Ҷолиб ин ки на танҳо ин оят ба мӯъминон ишора шуда, балки ошкоро  ҳамаи инсонҳоро хитоб намудааст.
Ҳамчунин дар робита ба зинда сӯзонидани сарнишини урдунӣ уламои исломӣ мегӯянд, ки дар ҳадис омада, ки ҳеҷ кас набояд бо оташ сӯзонда шавад ва набояд ашхосро оташ зад ва муҷозот намуд, ба ҷуз парвардигор, ки оташро халқ намуда  ва муҷозот аз ҷониби ӯст.
— Маҷбур ба имон кардан.
Террористон мардуми ҷаҳонро ба мӯъминону кофирон тақсим намудаанд. Танҳо касоне, ки дидгоҳҳои мазҳабии радикалии онҳоро мепазиранд, дар амон ҳастанд, бар хилофи Қуръони карим: (ҳеҷ иҷборе дар дин вуҷуд надорад). Оқои Абдуллоҳ илова намуд: «Ислом ҳама чизро дар ҷаҳон ҷамъ мебинад, ба ҷуз танҳо зоти Парвардигор. Теъдоди зиёди зируҳ ва гуногунрангӣ дар ҷаҳон дар воқеъ нишонае аз Худост ва динҳо ҳам шомили ин гуногунрангианд. Ин амр ҳамчунин дар ислом ҷараёнҳо ва шуъбаҳои зиёде, ки дорад, сидқ мекунад. Воқеиятест, ки Давлати исломӣ мункири он аст.
— Ғуломдорӣ.
Оқои Абдуллоҳ гуфт: Дини ислом хост пеши роҳи ғуломдориро бигирад ва тавсия менамуд, ки набояд ғулом дошт ва ғуломдорӣ дар байни мардум бояд набошад, ҳама яксон ҳастанд.
Дар тирамоҳи соли гузашта садҳо олими исломӣ аз саросари ҷаҳон номаи саркушодае ба Абубакри Бағдодӣ — раҳбари ДИИШ равона намуданд. (…Шумо занонро ба ҳайси асира ва ғулом ба асорат гирифтед, шаҳрҳову деҳаҳоро ба оташ кашидед, миллионҳо инсонро овора намудед ва ихтилоф, пошидагӣ, сардаргумӣ, фасоду тухми шароратро дар сарзаминҳо коштед, чизеро, ки шариат бо талоши хастагинопазир мехост, онро маҳв кунад, шумо дубора эҳё намудед…)
— Шиканҷа.
Оқои Абдуллоҳ гуфт: «Шиканҷа дар ислом ҳаром аст. Набояд ҳар инсон ва ҳайвонро шиканҷа намуд. Ривоят аст аз паёмбари ислом (с), ки фармудаанд: «Зане ба ҷаҳаннам рафт ба далели ин, ки гурбаеро ғизо намедод ва ҳабс намуд, то ин ки гурба то марг гуруснагӣ кашид…».
Аз гуфтаи оқои Абдуллоҳ комилан ошкор аст, ки он чиро дар муқобили ҳайвонот маҷоз нест, қатъиян набояд дар мавриди инсонҳо анҷом дод. Қатл, шиканҷа ва ғуломдорӣ ҳама тасвири зиштест аз номусулмонони ДИИШ, ки ҳама аъмолашон ғайриисломист.
«Хабаргузории ҷумҳур» 

 

Июль 13, 2015 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад