Э. Раҳмон: Бо дарназардошти ҳамсоягии наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон бояд ҷавобгӯи иқтидори ҳамкорӣ бошанд

Июль 13, 2015 09:47

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ Ховар). — Бо дарназардошти ҳамсоягии наздики кишварҳои мо, дар дурнамои наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон бояд ҷавобгӯи иқтидори ҳамкориҳои мо бошанд», — ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 13 июл зимни суханронӣ дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон иброз дошт.
Сарвари давлат афзуд, ки аз ин лиҳоз, ба ҳамраисони Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ дастур дода шуд, ки дар ҷаласаи навбатии худ, ки  дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бояд баргузор гардад, стратегияи рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро таҳия намоянд ва ҷиҳати мусоидат ба ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ кадамҳои мушаххасро муайян созанд.   
«Пӯшида нест, ки Ҳиндустон дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла пажуҳиш, рушд ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ пешравиҳои қобили таваҷҷуҳ дорад. Таҷрибаи ин кишвар шоистаи омӯзиш аст ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз сиёсати кишоварзии Ҳиндустон пайравӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, мо аз ҳама гуна иқдомҳои судманду муштарак ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо Ҳиндустон дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус ҷалби бештари ширкатҳои Ҳиндустон ба соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ворид намудани фанновариҳои нав ва усулҳои пешрафтаи тадқиқотӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳимми иқтисодиёти миллӣ истиқбол мекунем, — тазаккур дод Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

 

Июль 13, 2015 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст