Эмомалӣ Раҳмон: «Вазифаи умумии мо-ҳифзи сулҳу суботи минтақаи масъулияти СҲШ»

Июль 10, 2015 09:15

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Вазифаи  умумии  мо  иборат  аз он  аст, ки  сулҳу  суботи  минтақаи  масъулияти  СҲШ – ро  эҳтиёт  кунем,  нигоҳ  дорем ва  ҳифз  намоем,  саҳми  худро  дар таъмини   сулҳи  сайёра ба  таври  хастанопазир  афзун  гардонем», — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 июл дар  ҷаласаи  Шӯрои  сарони  давлатҳои  аъзои  СҲШ. 
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки муҳим  аст,  саъю  кӯшишҳои якҷояро  дар  муборизаи  зидди «се адоват»  афзун намуда,  ба ситезаҳои  мавҷуда  зарбаи қатъӣ  зад,  ба бархурд бо  хавфу  хатарҳои нав  омода бошем. 
«Азбаски  масъалаи  таъмини амнияти  кишварҳоямон  чизи  асосӣ  мебошад,  мо  ба  танзими  кори  муштаракамон  ҷиҳати  татбиқи  Барномаи  ҳамкории   давлатҳои  аъзои  СҲШ дар  мубориза бо терроризм  ва ифрогароию ҷудоихоҳӣ аҳамияти бориз  медиҳем», — тазаккур дод Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

 

Июль 10, 2015 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст