Файзобод: ифтитоҳи хобгоҳи кӯдакона дар “Дурахшон”
Файзобод, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар истироҳатгоҳи тобистонаи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод бинои нави хобгоҳ барои 40 нафар ба истифода дода шуд. Мувофиқи иттилои муовини директори истироҳатгоҳи «Дурахшон » Абдухолиқ Насриддинов ҳоло дар басти дуюм 121 кӯдак дар ин истироҳатгоҳ ба таълиму тарбия ва истироҳату фароғат фаро гирифта шудааст. Боиси хурсандист, ки дар басти дуюм 10 нафар фарзандони Бадахшон ва кӯдакони Хатлонзамин бо кӯдакони файзободӣ дар истироҳатгоҳи «Дурахшон » ба истироҳати бофароғат машғуланд.
Ба андешаи мураббияи калони истироҳатгоҳ Мунира Назарова ташкили истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва дар як истироҳатгоҳ ҷамъ гардидани кӯдакони тамоми маҳалҳои ҷумҳурӣ барои дар оянда муттаҳид гардидани тамоми ҷавонони ватанамон замина мегузорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






