Файзобод: қисми даромади буҷа 99 фоиз иҷро шудааст
Файзобод, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Имрӯз, 27 июл дар ноҳияи Файзобод нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2015 гуфт, ки иҷрои буҷа дар қисми даромад ба андозаи 16 млн. 173 ҳазору 220 сомонӣ ё 99 фоиз ва дар қисми хароҷот ба андозаи 15 млн. 552 ҳазору 410 сомонӣ ё 94 фоиз таъмин карда шуд. Иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, ба буҷа аз ҳисоби андозу пардохтҳо ба ҷои 7 545 ҳазору 769 сомонии нақшавӣ 7 млн. 664 ҳазору 588 сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 118 ҳазору 819 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 495 ҳазору 004 сомонӣ зиёд буда, 102 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил менамояд.
Ҳамчунин нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмӯъ бо назардошти хароҷот ба андозаи 87 фоиз иҷро гардид. Ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 5 млн. 007 ҳазору 891 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 728 ҳазору 324 сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 495 ҳазору 004 сомонӣ зиёд аст.
Дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 1450 сабти таваллуд, 201 вафот, 417 никоҳ ва 63 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ва дигар ҳолатҳо ба қайд гирифта шудааст.
Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар” дар мавриди он ки дар ноҳия сатҳи ҷинояткорӣ дар шаш моҳи соли равон зиёд ё кам шудааст, раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аз фаъолияти масъулини шуъбаи корҳои дохилии ноҳия барои накушодани конуншиканиҳо изҳори норозигӣ кард.
Дар мавриди иштироки ҷавонони ноҳия дар ҷангҳои Сурия раиси шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Файзобод Нуралӣ Муродов гуфт, ки аз ноҳия 4 нафар дар ҷангҳои Сурия иштирок дошта, як нафараш- Акмалҷон Ғиёсев, сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт аз тарафи ҷангиён кушта шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






