Файзобод: туҳфаи «Тавоно» ба маъюбон

Июль 18, 2015 04:06

   

Файзобод, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатзода).-Дирӯз дар ҷумҳурӣ иди саиди Фитр таҷлил гардид. Ба иттилои  сардори бахши  ҳифзи  иҷтимоиёти  мақомоти  маҳаллии  ноҳияи   Файзобод   Гулрухон Раҳимова ҳафтаи равон  бахшида  ба  ин ид дар  қасри  Рӯдакии  ноҳия  бо  иштироки  170    маъюб  ва  дигар  қишрҳои  камбизоати  ноҳия  ҷамъомад доир шуд. Дар он аз  ҷониби  ташкилоти «Тавоно» ба  30  маъюб  ба  маблағи  зиёда  аз  1000 сомонӣ  маводи ғизоӣ ва дигар туҳфаҳо дода шуданд.

 Инчунин  дар  ин  рӯз аз  ҷониби  ташкилоти «Салиби  сурх»  ба   70  нафар   маъюб  либосворӣ, аз  Кумитаи   «Имдод»  равғану  биринҷ, макарону  хокаи  ҷомашӯӣ ва  аз  ҷониби Кумитаи  ҷавонон,   варзиш  ва  сайёҳии  ноҳия   ба  10  нафар  маъюб  тӯҳфаи  идона   бахшида  шуд.  

Июль 18, 2015 04:06

Хабарҳои дигари ин бахш