Фавти 73 нафар дар ҳодисаҳои фавқулода
Хуҷанд, 20.07.2015. АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави шимоли кишвар 313 ҳодисаи фавқулодаи дорои хусусияти гуногун ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 73 шаҳрванд ба ҳалокат расид.
Тавре ки муовини сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Анвар Қосимов иттилоъ дод, ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014 — 12 адад кам буда, маблағи умумии зарар 151 млн 229 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ба гуфти манбаъ, аз шумораи умумии ҳодисаҳои фавқулода 10 ададаш ҳодисаи фавқулодаи табиӣ буда, бар асари он 9 нафар ба ҳалокат расид, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 — 6 ҳодиса зиёд мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кӯлу дарёву обанборҳои вилоят 25 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 16 шаҳрванд наҷот дода шуда, 9 нафар ғарқ шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 — 7 нафар кам мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






