ФБД: Ҳангоми баланд шудани ҳарорат қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазн шабона сурат мегирад
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо баланд шудани ҳарорати ҳаво «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вазни ҳавопаймоҳои боркашро кам карда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазнро дар соатҳое, ки ҳарорат мўътадил мешавад ё шабона ба роҳ мемонад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» М.Шодиев иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи сарчашма, аэродром (қисми дохили фурудгоҳ ки ба ҳавопаймоҳо хизмат мерасонад) майдони васеъ буда, дар рўзҳои гарми тобистон аз дигар мавзеъҳо гармтар мешавад.
Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, фурудгоҳи Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ҳавопаймоҳо хизматрасониҳои рўизаминӣ ва муҳандисиву техникиро мерасонад.
То ҳол дар нақшаи парвозҳои фурудгоҳи Душанбе вобаста ба баланшавии ҳарорати ҳаво дигаргунӣ ҷорӣ нашуда, парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар ва боркашон мувофиқи ҷадвал сурат гирифта истодаанд. Дар сурати аз меъёр баланд шудани ҳарорат мутобиқи технологияи ҷорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво аз ҷониби хадамоти ҷустуҷӯӣ-садамавию наҷотдиҳии таъминоти парвозҳои фурудгоҳ варақаи таблиғотии махсус иншо шудааст, ки дар он таъкид мегардад, ки ҳангоми хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо инчунин дар коргоҳҳо, ҷойҳои нигоҳдории моеъҳои зуддаргиранда, техникаи бехатарӣ пурра риоя карда шуда, дастгоҳҳои барқӣ ва гармидиҳанда бе назорат гузошта нашаванд ва дар соатҳои гарми рўз қувваи барқ аз таблоҳои таблиғотӣ гирифта шавад.
Бо назардошти пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои садамавии вобаста ба гармо дар ҷойҳои алоҳидаи фурудгоҳ мошинҳои сӯхторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ҳамзамон фурудгоҳ бо Сарраёсати сўхторнишонии ВКД ва «Маркази наҷот»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ алоқаи доимӣ барқарор намудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






