Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Бахшида ба Рўзи маъюбон ва пиронсолон
Кӯлоб,08.07.2015. (АМИТ»Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июл ҳамчун Рўзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил мегардад. Дар робита ба ин 8 июл дар Боғи фарҳангии шаҳри Кўлоб ҷашни мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб, ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» (роҳбараш Қаламниссо Абдуқаюмова), «Дунёи кўдакон» ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Кўлоб таҷлил гардид.
Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи муштараки Миссияи шарқ таҳти унвони «Бишнав садои маро», ташкилоти «Мушфиқи маъюбон», Ассотсиатсияи кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Кўлоб ва Муассисаи хизматрасонӣ дар хона ташкил шуд.
-Ҳамзамон дар чорабинӣ маҳсулоте, ки бо дастони ашхоси дорои имконияти маҳдуд офарида шудаанд, ба тамошои ширкаткунандагон гузошта шуда, маблағи фурӯши онҳо ба рушди минбаъдаи ҳаракати маъюбон равона хоҳад шуд,- иброз дошт роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» Қаламниссо Абдуқаюмова.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






