Гаронии нархи хонаҳои навсохт ба чӣ рабт дорад?
Душанбе, 22.07. 2015,(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода гарон будани нархи хонаҳои навсохтро дар пойтахт, ки гӯё ба андозбандии калон рабт дорад, бепоя хонда гуфт, ки танҳо қариб 9 %-и андозҳо дар миқёси кишвар аз ҳисоби фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ ҷамъоварӣ мешаванд. «Ин раванд ба баланд гардидани нархи манзил асос шуда наметавонад»,- таъкид кард Н. Давлатзода. Мавсуф афзуд, ки алҳол дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ширкат ба фаъолияти сохтмонӣ машғул буда, ҳаҷми андозсупории онҳо аз 8 то 12 %-ро ташкил медиҳад ва дар маҷмӯъ дар нархи хонаҳо аз ҳисоби пардохти андозҳо то 10% зам мешавад ва ин ба баланд гардидани гаронии нархи хонаҳо ягон робита надорад. Агар 30- 40 % мешуд, сари ин масъала баҳс кардан ҷоиз буд, таъкид кард роҳбари мақомоти андози кишвар.
Зикр шуд, ки то ба фурӯш баровардани хона ширкатҳои сохтмонии ҷумҳурӣ аз 10 то 12% андоз месупоранд, яъне шурӯъ аз оғози кор- аз қитъаи замине, ки барои корҳои сохтмонӣ ҷудо мешавад то давраи ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ба фурӯш гузоштани хонаҳо.
Ҳамзамон раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ зикр кард, ки дар ин самт камбудиҳо вуҷуд доранд, мо кӯшиш карда истодаем, ки онҳоро давра ба давра ҳал намоем. Таъкид шуд, ки гаронии нархи хонаҳо пеш аз ҳама ба маблағ ва масолеҳи сохтмоние, ки ширкатҳои сохтмонӣ дар бунёди манзил аз он истифода менамоянд, инчунин сифати кор ва дигар хизматрасониҳо рабт дорад. Ин дар ҳолест, ки алҳол як метри мураббаъ манзил дар биноҳои навсохти маркази Душанбе ва қарияҳои бонуфузи он аз 1000 $ болост ва мардуми оддӣ ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа имкони харидории чунин манзилҳои гаронарзишро надоранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






