Генерал Назарзода: эътиқод ба “боварӣ” меафзояд
Хуҷанд, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз моҳи маи соли 2012 дар назди Раёсати ВКД ҶТ дар Суғд “телефони боварӣ” амал мекунад, ки сол аз сол шумораи муроҷиаткунандагон аз тариқи ин алоқа меафзояд.
Тавре ки сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Шариф Назарзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, эътиқоду бовари мардум ба телефони “боварӣ” сол аз сол афзуда, танҳо дар тӯли нимсолаи аввали соли равон тавассути он 346 шаҳрванд муроҷиат намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта — 117 адад зиёд мебошад.
Дар ин муддат ба мақомоти мазкур 9 710 аризаю шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда, 8 655 адади онҳо дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонун баррасӣ, 329 аризаю муроҷиат аз рӯи тобеъият ба мақомоти дахлдор ирсол ва 726 арзу дархост мавриди чораҷўӣ қарор доранд.
Ба гуфти генерал Ш.Назарзода аксаран муроҷиати шаҳрвандон гуногунмазмун буда, дар баробари тақозои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳуқуқии рӯзгорашон, онҳо инчунин аз фаъолияти ғайриқаноатбахши баъзе кормандони милитсия низ шикоят намуданд, ки ҳамаи он тафтиш ва санҷида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






