Гузоштани санги асоси бунёди НБО “Себзор” ва мулоқоти Президент бо сокинони ноҳияи Роштқалъа
Душанбе, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми ҳамин рӯз сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа идома ёфт.
Дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асоси бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар саросари кишвар бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обиро ба роҳ мондааст. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, новобаста аз афзоиши шумораи аҳолӣ-истифодабарандагони асосии неруи барқ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ роҳбарияти давлату ҳукумат барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Сол то сол реҷаи маҳдудияти таъмини неруи барқ кам карда мешавад. Ва ҷойи зикр аст, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ягона минтақаи калони ҷумҳурӣ аст, ки тамоми сол бо неруи барқ таъмин аст.
Лоиҳаи сохтмони Неругоҳи Барқи Обии “СЕБЗОР” бо иқтидори лоиҳавии 10 Мегават бо истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар давраи солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шудааст.Барои сохтмони неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ равона мегардад.
Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар масофаи 15 километр дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст.Баъди ба кор даровардани нерӯгоҳ то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд.
Бо сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолт “Себзор — Хоруғ” бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.
Дар ноҳияи Роштқалъа низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳия ва ҷавонон мулоқот намуд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






